Пас аз ба Россия хамрох карда шудани Осиёи Миёна куртахои ростгиребон маъмул шуданд, баъд-тар кисми болоии ин гиребонхоро бо чинхои майда-майда пар-пар оро медодагй шуданд.
Дар охири асри гузашта куртах,ои камзулчадор пайдо шуда, руз аз руз маъмул гардиданд, ки холо намуди асосии куртахои занона шудаанд. Факат пиразанон куртахои пешкушо ё куртахои ростгиребони бе пар-пар мепушанд. Дар водихои районхои шимолии Точикистон дар охири асри гузашта куртахои тутча ё ки чуртча пайдо шуда буданд, аммо зуд аз истеъмол баромаданд. Пушти ии куртахо яккад буда, пеши онхо камзулчадори чин-чин духта мешуд . Дар Помири гарбй дар Шугнон то ба наздикй куртахои камзулчадор мепушиданд, ки худи камзулча ва кисми аз камзулча поёни онхо чин-чин, гиребонашон рост ва сари остинашон тангу буракдор духта мешуданд.
Тахмин кардан мумкин аст, ки куртахои сариостинашон танг на танхо дар районхои чануби шаркии кухй, балки дар ч,ойхри дигар низ маъмул будаанд. Масалан: дар Каротегин маъмул будани ин намуди куртахоро хам мо мушохида кардаем ва хам С. П. Русяйкина кайд намудааст. Аз руи маълумотхои мав-чуда пушидани куртахои тангостин дар Нурато низ раем будааст. Аммо дар шимоли Точикистон маъ-мул будани чунин куртахоро хануз касе кайд накардааст. Тахмин кардан мумкин, ки остинх,ои ба ин тарз бурида ва духта шудаи куртах,ои занона дар ав-валх,ои асри гузашта дар ин ч,ох,о низ маъмул буда анд. Зеро румча ном камзулх,ои занонаи к,ариб 70 сол пеш дар Ленинобод (Хуч,анд) духта шуда, ки Институти таърихи мо харидааст, дорой остинх,ои танг мебошанд. Ингуна камзулх,о дар Хуч,анд дар нимаи дуйуми асри гузашта раем будаанд. Дар Бу-хоро низ дар нимаи аввали асри гузашта калтача ё мунисак номи камзулх,ои рупушии пешашон кушодаю бетугма, сари остинашои танг духта мешуданд.
Дар баъзе к,ишлок, ва районх,ои дурдасти Точ,и-кистон то ба ин к,арибих,о куртах,ои остиндарози нуги остинашон танг духта мешуданд, дар остинх,ои ин куртах,о дар байни оринч, ва банди даст як тасма кар-боси гулдузй кардашуда часпонда мешуд, ки онро чобик, меномиданд. Миёнч,ои ин тасмаи карбос к,уроб ном чоке доштааст, ки дар вак,ти кор дастро аз он чок бароварда остинро барои ба кор монеъ на-шудан ва олуда нагаштанаш бар мезадаанд. Соли 1956 аз ах,олии сох,или рости ч,араёни миёнаи дарьёи Панч, (дар дех,аи Зигар) барои музеи институти таъ-рих якчандто чунин куртах,о харида шудаанд, ки остинх,о чок надоранд ва порчаи карбоси гулдузй кардашуда фак,ат барои ороиш часпонда шудааст. Ин хел куртах,ои остинашон чокдор дар байни точ,икони Шугнон ва Рушон низ во мехуранд.
Дар шароити хона занх,о фак,ат як курта ва дар сармой зимистон ду курта пушида, аммо дар вак,ти ба мехмонй рафтан ва ё дар рузх,ои ид чанд куртаро болои х,ам мепушиданд, ки адади ин ба дорой ва бои-гарии сох,иби он вобаста будааст. Дар точ,икзанони водинишин адади ин куртах,о баъзан то х,афтта мера-сидааст. Ин хел куртапушй барои намоиши сарват ва боигарии сох,иби он будааст. Аммо дар ин мавридх,о занони табак,аи доро одата'н се курта болои х,ам мепу-шидаанд, ки фарохии остини ин куртахр баробар бо-шад х,ам, лекин дарозии онх,о аз якдигар фарк, ме-кард, то ки нуги бо гулдузй ё зардузй оро дода шу даи х,ар яки онх,о аз зери дигараш намоён шуда ис-тад. Агар зане зиёдии пушокх,ои худро намоиш дода-нй мешуд, чанд куртаи дигарро бугча карда х,амрои худ ба ч,ои мех,монй мебурд ва онч,о куртах,ояшро дам ба дам иваз карда меистод. Инро одатан занх,ои ч,а-вон ва наварусон мекарданд.
Баъзан аз таг куйнакча ном куртаи сафеди кутох, мепушиданд, ки ости"х,ояш танг буд ва дар банди даст бураки тугмадор дошт. Гиребони куртаро рост ва парпарноку пеши бугакдор ва ё бе пеши бурак ме карданд. Ин гуна гиребонро гиребони пар-пар, гире бони к,азок,й ва ё гиребони пар-пари к,азок,й меноми данд. Барои к,ат нашудан ва рост истодани гиребон. матоашро як чанд к,абата карда дар мошин ва ё бо даст майда-майда медузанд.
Дарозии куртах,о гуногун буда, куртах,ои пираза нон к,ариб то замин мерасид, аммо ч,авонзанон курта-х,ои нисбатан кутох, мепушиданд. Ин раем х,ануз х,ам бок,ист.
Пушоки асосии дуйуми занона эзор буда, онро поч,ома, лозимй ё танбон х,ам меноманд. Аз лифаи эзор эзорбанд гузаронида мешавад. Эзорро бисьёр вак,т аз ду хел матоъ медузанд.
К,исми поении аз до-мани курта намудоршавандаи эзор аз матои гаронтар ва к,исми болоии он, яъне аз рон болотар, бо мак,са-ди сарфач,уй аз матои нисбатан арзонтаре духта ме шавад. Ба к,исми поёни эзор зех,и бофтаи гулдузй кардашуда, ё бе гулдузй часпонда мешавад, ки ду нуги х,амон зех пупак карда мешавад. Дар район-х,ои шимолии Точикистон х,оло баъзан ба чои зех,и эзорпоча бо нахи якранга юрмадузй мекунанд. Дар районхои кух,й х,амаи занон х,оло х,ам эзорх,ои дароз мепушанд, ки ба пушти кафи по фах ва овезон шуда меистад. Дар шах,рх,о ва атрофи онх,о ин хел эзорх,оро х,оло фак,ат пиразанх,о мепушанд. Чавонон эзорх,ои нисба тан кутох,у эзорпочах,ояшон тангтаре дарбар мекунанд. Аммо эзорх,ои дароз акнун боз раем шуда истодаанд.
Пушоки рупушии занона чома ё ки чапони пахтанок буд, ки аз таг дар водихои районх,ои шимолй баъзан камзулчаи то камар дароз ё ки андаке дарозтар х,ам мепушиданд. Гайр аз ин ба сифати корнома нимтанаи пахтанок х,ам медухтанд. Илова бар ин х,ама точикзанони водинишин ба сифати пушоки руйпушии чойравй румчах,ои (камзулх,ои) дарози абраостари миёнборик низ духта мепушиданд. Остинх,о " ингуна камзулх,ои румча танг ва нисбатан кутох, то банди даст буда, чои ба к,ад часпондани остинх,оро кофта мебуриданд. Мунисак ё калтача х,ам як намуди камзулх,ои миёнборйки бегиребон буд дар ду пах,лу дар таги каш чинх,о дошт. Пеши ингуна камзулх,о кушода ва бетугма буд, остинхояшон дар вак,ти к,адим дароз, дар китф васеъ, сари остин танг ва сонитар остинхояшон кутох,у сари остин васеъ духта мешуданд. Ои ба к,ад пайвастани остинх,оро кофта намегирифтанд.
Дар охири асри гузашта ба ч,ои ин се намуди пу шоки руйпушй (ч,ома чапон, румча, мунисак калтача) дар шах,ру дех,оти водило камзул ном чома-х,ои андак миёнборике раем шуда буд, ки ости"х,оя-шон тангу кутох,тар буда, ч,ои бо к,ад пайваста гарданашонро кофта мегирифтанд. Гиребони ин камзулх,о лабгардон карда шуда, дар пушт камарча, дар х,ар ду пах,лу ва баъзан дар сари сина х,ам аз берун киса медухтанд.
Занх,ои шах,рнишин вак,ти ба куча баромадан ба сарашон фаранч,й мепартофтанд. Фаранч,й монанди чомаи васеъ ва дароз мебошад, ки ду остини дарози ба пушт партофтагй ва дар охир ба х,амдигао васл-шуда дорад. Фаранчй пайкари (к,аду к,омати) занро аз cap то по пинх,он мекард. Занх,ои фаранчипуш руяшонро бо чашмбанди аз к,или аспи сиёх, элак ба рин бофташуда панах, мекарданд. Чашмбанд чоргу-ша бу^а, чор тарафи он аз матои сиёх, х,ошия (фаро-вез) дошт. Руи х,ошияро гулдузй ё ки бахиядузй ме карданд, баъзан дар аснои бофтан ба кили тури чашмбанд якто-якто мухрахои резаи фирузаранг ме-гузарониданд.
"Пушидани фаранчй ба коидахои дини ислом, ки хар чй зиедтар панах кардани паикару руи занро талаб мекард, мувофикат дошт.
Дар рафти азнавсо-зии социалистии тарзи зиндагонй фаранчй дар республикахои советии Осиёи Миёна кариб аз истеъмол баромадааст.
Дар районхои чануби шаркии кухй тамоми намудхои зикршудаи чомахо, ба гайр аз чомаи пахта нок, маъмул набуданд, инчунин фаранчию чашмбанд-ро (ба гайр аз мавридх,ои бисьёр кам) ба кор намебурданд, чунки занхои ончо кадду комату руяшонро панах намекарданд. Факат наварусон дар вакти туй ва як чанд рузи аввал баъд аз туй руяшонро бо руймоли майдаи нафис ё бо рубанд, ё чашмбанди кар-босии бо абрешим мохирона гулдузй кардагй панах мекарданд. Акидае буд, ки ин рубандхо гуё инсонро аз хатархои мавхумотй химоя мекардаанд. Номахои пахтанокро одатан занхои оилахои доротар мепуши данд, занхои камбагал аз сармой зимистон мачбур шуда як куртаи зиёдатй мепушиданд, бо шарте ки онро дошта бошанд.
Дар Помир занхо аз руй гилем мепушиданд, ки вай монанди чомаи пешаш кушода аз мохути сафеди бофти хонагй духта мешуданд.
Асбоби оддитарини сарпушии занон ва духтарон руймоли мураббаи баробарпахлу ё ки дарозруятар буда, дар хар кучо хар хел, яъне руймол, карс соба, латтаи cap, дурра, сарпеч номида мешавад. Тарзи руймолбандии занон бенихоят бисьёор аст. Дар Бухо-ро ридо ном уребчахои калон, дар Кулоб занхои чавон руймолхои калони дарозруяи дока ба cap мебас-танд, ду нуги ин руймолхоро гулдузй мекарданд. Ин руймолхои дарозруяро дар Кулоб латтаи накшинй ё сарандоз мегуфтанд.
традиционным женским головным убором является
Токй ё ки туппй хамчун асбоби сарпушии занон хеле дер, факат баъди революция раем шудан гирифт ва дао баъзе чойхо то холо хам маъмул нагардида-аст. Токй ё туппиро факат духтарон ва занхои чавон мепушанд.
автор Шокирова Мадинахон Саторовна (давом дорад)
понедельник, 13 октября 2008 г.
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
Комментариев нет:
Отправить комментарий